Дарси кушод: “Хосияти бунёдии ҳастӣ”
Аз ҷониби устоди кафедраи фанҳои гуманитарӣ ва ҷомешиносӣ, номзади илмҳои фалсафа Шодиев Абдуҷалил дар факултети муҳандисӣ-омӯзгорӣ дарси кушод доир шуд. Дарс аз фанни фалсафа бо донишҷӯёни курси дуюми ихтисоси таҳсилоти техникӣ. Агромуҳандисӣ сурат гирифт.
Мавзуи дарс “Хосияти бунёдии ҳастӣ”унвон дошт, ки устод амалан донишҷӯёнро бо моҳияти асосии мавзуъ ошно сохт. Ҳамчунин муаллим дар раванди дарс доири мавзуи зикршуда муаммогузорӣнамуда, бо истифода аз аёниятҳо ва муаррифӣ (слайд)-ҳои ҷолиб ба воситаи нурафшон бо таҳлилҳои ҳамаҷониба тарзи дурусти корбарӣ бо гурӯҳҳои агромуҳандисиро ба донишҷӯён фаҳмонд. Дар қисми поёнии дарс миёни устод ва шоргирдон мубодилаи афкор сурат гирифт.
Маркази иттилоот ва таҳлил