Дарси кушод: Фаъолияти касбии педагогӣ

Дар факултети психология ва таҳсилоти томактабӣ дарси кушоди сатҳи факултетӣ дар мавзуи “Фаъолияти касбии педагогӣ” баргузор гардид. Дар дарс мутахассиси пешбари шуъбаи идоракунии сифати таҳсилот Маъсуда Носирҷонова, декани факултет Муқаддас Шарифиён ва мудирони кафедраҳо ширкат варзиданд.

Қисмати омодагӣ дарс аз суруди миллӣ ва масъалаи сиёсӣ оғоз гардид. Сипас, омӯзгор доир ба мавзуи баррасишаванда, бо истифода аз тахтаи электронӣ, муаррифӣ, айёниятҳои дастисоз, усулҳои гуногуни таълим ва адабиёти илмӣ тавонист мазмун ва мундариҷаи мавзуъро ба донишҷӯён фаҳмонад.

Дар раванди машғулият усулҳои фаъоли таълим фаровон истифода шуда, муносибати омӯзгор бо шогирдон нисбат ба дарс ҷиддӣва серталаб буд.

Сатҳу сифат ва натиҷаҳои таълим ба дониш маҳорат ва таҷрибаи педагогии омӯзгор вобастагии куллӣ дорад, ки дар ин замина низ устод бо истифода аз таҷрибаи бойи педагогии хеш тавонист мавзуъро ба пуррагӣ бо донишҷӯён ҳаллу фасл намояд.

Донишҷӯён низ дар ҷараёни дарс фаъолнокии худро нишон дода, бо аёниятҳо ва муаррифиҳо перомуни мавзуи баррасишаванда баромад намуданд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ