Дарси кушод аз фанни фарҳангшиносӣ
Дар факултети таърих ва ҳуқуқ аз ҷониби муаллимаи кафедраи умумидонишгоҳии фарҳангшиносӣ Содиқова дарси кушод доир шуд. Ташаббуси мазкур аз фанни фарҳангшиносӣ бо ҷалби донишҷӯёни гуруҳи 103 роҳандозӣ гардид.
Иттилоъ дода шуд, ки мавзуи дарс “Саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушди фарҳанги миллии тоҷик” унвон дошта, дар доираи он усулҳои фаъоли таълим самаранок истифода шуд.
Донишҷӯён дар рафти дарс фаъолона иштирок намуда, бо роҳнамоии омӯзгор аз усулҳои эҷодӣ, аз қабили “муаррифӣ”, “дарахти хирад” ва “кроссворд” истифода бурданд. Аёниятҳои худсохти омоданамудаи донишҷӯён низ ба муҳтавои дарс ҳамоҳанг буд.
Маркази иттилоот ва таҳлил