​Дарси кушод: “Аутизм ва хусусиятҳои он. Лакнати забон”

Чунин унвон дошт дарси кушод, ки дар ташкилоти ҷамъиятии “Рангинкамон” Сабоат аз ҷониби донишҷӯёни соли чоруми факултети психология ва таҳсилоти томактабӣ баргузор гардид. Ин иқдом таҳти роҳбарии муаллимаи кафедраи педагогика ва психологияи томактабӣ Зоидова Сабоат ба роҳ монда шуд.

Донишҷӯён дар раванди дарс аз рафти кори логопед - психолог Икромова Марям Қучкаровна ва роҳбалади калон – корманди иҷтимоӣ Аҳророва Манзурахон шинос гашта, оид ба бароҳмонии корҳои ислоҳӣ бо кӯдакони имконияташон маҳдуд мушоҳидаҳои педагогӣ – психологӣ гузарониданд.

Бояд қайд намуд, ки ташрифи кӯдакон ба ташкилот бо роҳбаладии волидони онҳо сурат мегирад, з-ин сабаб донишҷӯён ба саволҳои худ аз ҷониби волидони кӯдакони аломатҳои лакнати забондошта посух гирифтанд.

Ҷоиз ба қайд аст, ки донишҷӯи курси чоруми ихтисоси олигофренопедагогика Бердиева Шаҳзода ҳамчун довталаб (волонтёр) дар ташкилоти номбурда фаъолият менамояд. Дар раванди дарс аз ҷониби номбурда бо мизоҷ корҳои ислоҳӣ ва масҳи рӯй гузаронида ва намоиш дода шуд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ