​Дарси кушод: Адабиёти маорифпарваронаи Аврупо дар асри XVIII

Бо иқдоми кафедраи адабиёти муосири тоҷик аз фанни адабиёти ҷаҳон дарси кушод доир гардид. Дарси мазкур аз ҷониби дотсент Зеварой Бобоева ташкил шуд.

Иттилоъ дода шуд, ки дарс ба мавзуи “Адабиёти маорифпарваронаи Аврупо дар асри XVIII. Иоҳан Волфган Гёте” бахшида шуд.

Дарс бо иштироки донишҷӯёни гурӯҳҳои 301-302 сурат гирифт. Дар ҷараёни дарс вазъи адабиёти маорифпарваронаи Аврупо дар асри XVIII, зиндагинома ва фаъолияти эҷодии Иоҳан Волфган Гёте, мавзуъ ва муҳтавои ашъори шоир мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Омӯзгор дарсро бештар бо усули муқоисавӣ, хоса робитаи ашъори башардӯстонаи Саъдӣ, Ҳофиз, Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ, Аҷзии Самарқандӣ бо осори баргузидаи Иоҳан Гёте, Ҷорҷ Байрон, Генрих Гайнебаён намуд.

Дар дарс аз аёниятҳои таълимӣ: муаррифии мавзуъ, баргаҳо, варақаҳо истифода шуд.

Зимни мустаҳкамкунии мавзуи нав донишҷӯён нуктаҳои муҳимро такрор намуда, андешаҳои хешро вобаста ба осори адиб иброз карданд ва аз “Девони Шарқию Ғарбӣ” намунаҳо қироат намуданд.

Маркази иттилоотва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ