Дарси кушод дар мавзўи “Сарҳадҳои баҳсии Чин”

Дар факултети забонҳои шарқ дарси кушоди намунавии устоди кафедраи забонҳои форсӣ-хитоӣ профессор Низомиддин Муродӣ аз фанни “Ҷуғрофияи Чин” дар мавзӯи “Сарҳадҳои баҳсии Чин” бо донишҷӯёни соли дуюми гурӯҳҳои 207, 208 ва 209 ихтисоси хитоӣ-англисӣ баргузор гардид.

Дар дарси кушод декани факултети забонҳои шарқ номзади илмҳои филологӣ, дотсент Ислом Раҳимов, мудири кафедраи забонҳои форсӣ-хитойӣ шарқ номзади илмҳои филологӣ, дотсент Марҳабо Қосимова ва дигар устодон ширкат варзиданд.

Дарси кушоди Низомиддин Муродӣ бо методи таълими салоҳиятнокӣ ҷараён гирфта, дар раванди дарс аз аёният, слайд, тахтаи электронӣ ва проектор моҳирона истифода бурда шуд.

Дар ҷамъбсти дарс, устодон ба маҳорати педагогии Низомиддин Муродӣ баҳои баланд дода, баён намуданд, ки ташкил ва гузаронидани чунин дарсҳои кушоди намунавӣ баҳри инкишофи ҷаҳонбинӣ ва забономўзии донишҷўён муфид мебошад. Ва аз донишўён даъват ба амал оварда шуд, ки ҷиҳати омўзиши таҷрибаҳои пешқами педагогии устодон таваҷҷуҳи асосии худро равона намоянд, то он ки дар оянда ҳамчун мутахассиси варзида ва кордон ба камол расида, баҳри пешрафт ва ободонии Тоҷикистони азиз саҳми арзанда гузоранд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ