Дарси амалӣ: Истифодаи барномаҳои коркарди навор
Донишҷӯёни курси чоруми ихтисоси иттилоот ва робита нозукиҳои кор бо барномаҳои Canva, Supa, infogram, CapCut ва InShot-ро аз худ намуданд. Ин иқдом дар доираи дарси амалӣ аз фанни Лайфстайл ва Тревелжурналистика роҳандозӣ шуд.
Усули истифодаи ин барномаҳо ва имконияту афзалиятҳои он зимни таҳияи маводи рӯзноманигорӣ аз ҷониби омӯзгор Шаҳноза Зарипова барои донишҷӯён фаҳмонида шуд.
Ҳамзамон, дар доираи дарс қоидаҳои таҳияи логотип мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Ба донишҷӯён супориш дода шуд, ки дар бораи зодгоҳи худ навори кӯтоҳимуддат таҳия намуда, дар он мавзеҳои таърихӣ ва ҷолибро муаррифӣ намоянд.
Маркази иттилоот ва таҳлил