Дар роҳи татбиқи ҳадафҳои сиёсати инсонгарона
Мусоидат дар таъмини ҳифзи иҷтимоӣ, аёдати собиқадорони меҳнат, дастгирӣ аз табақаҳои ниёзманд аз ҷумлаи муҳимтарин рукни сиёсати инсонпарваронаиАсосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шумор меравад. Дар ҳамаи суханрониву мулоқотҳо, инчунин сафарҳои кории хеш ба манотиқи мухталифи кишвар Пешвои миллат таваҷҷуҳ ба анҷоми амалҳои хайр, эҳсонкорӣ, дастгирии табақаҳои мухталифи аҳолиро ба унвони рукни барҷастаи оини давлатдорӣ талқин намуда, кормандони мақомоти давлатӣ, вазорату идораҳо ва соҳибкорону масъулини бахшҳои мухталифи хоҷагии халқро барои иқдом дар ин арса даъват менамоянд.
Бо мақсади мавриди амал қарор додани чунин дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат Раёсати донишгоҳ дар ин рӯзҳои моҳи мубораки Рамазон тасмим гирифт, ки иқдомҳои хайрхоҳонаеро рӯи даст гирифта, барои расонидани кӯмакҳои моливу пулӣ ба гурӯҳи донишҷӯёни ниёзманд иқдом намояд. Дар ин замина, мулоқоти ректори донишгоҳ Усмонзода Аюб Ислом бо ин гурӯҳи донишҷӯён доир гардида, ба 114 нафар донишҷӯён кӯмакҳои пулии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд расонида шуд.
Дар суҳбат бо донишҷӯён таъкидкарда шуд, ки раёсати донишгоҳ дастурҳои Пешвои миллатро сармашқи чунин корҳои хеш қарор дода, ҳаргиз намегузорад, ки онҳо эҳсоси танҳоӣ, ранҷу азият кашанд. Дар оянда низ чунин амалҳои хайр ва ташаббусҳои инсонгароёнаба таври доимӣва дар айёми чунин ҷашну идҳои миллӣ идома хоҳад ёфт.
Бо ҳадафи иҷрои раҳнамоиҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як гурӯҳ устодони куҳансол, собиқадорони меҳнат низ аёдат карда шуда, ба онҳо кумакҳои пуливу молӣ расонида шуд.
Маркази иттилоот ва таҳлил