​Дар Донишгоҳ сабти видеоии дарси устодони соҳибтаҷриба роҳандозӣ шуд

Дар заминаи татбиқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Рӯзи Дониш – Дарси сулҳ, амалӣ намудани Барномаи идоракунии сифати таҳсилот дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо мақсади такмили низоми миллии сифат ва ворид гардидан ба фазои минтақавию байналмилалии таъмини сифат, инчунин паҳн намудани таҷрибаи педагогӣ, маҳорати касбии устодони соҳибтаҷриба ва ба ин васила баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсилот бо иқдоми ректори Донишгоҳ профессор Усмонзода Аюб Ислом сабти видеоии дарсҳои омӯзгорони пешқадаму навовар ва соҳибсолори факултетҳо оғоз гардид.

Дирӯз машғулияти нахустин дар факултети забонҳои хориҷӣ баргузор гардид, ки аз ҷониби устоди варзида дотсенти кафедраи забони олмонӣ ва хориҷии дуюм Абдуҳамид Шарипов бо иштироки донишҷӯёни курси 5 – ум аз фанни “Луғатшиносии забони олмонӣ”гузаронида шуд.

Иттилоъ дода шуд, ки иқдоми мазкур то анҷоми соли таҳсил идома ёфта, шуъбаи идоракунии сифати таҳсилот дар ҳамкорӣ бо кафедраи журналистика ва назарияи тарҷума ва студияи таълимии телевизионии “Фурӯғ” сабти машғулиятҳои 13 нафар устодони соҳибтаҷрибаи Донишгоҳро ба роҳмемонад.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ