​Дар донишгоҳ Маркази медиажурналистика ва рушди расонаҳои нав ифтитоҳ ёфт

Дар назди Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Маркази медиажурналистика ва рушди расонаҳои нав ифтитоҳ ёфт. Ин ташаббус ба муносибати Рӯзи матбуоти тоҷик ба вуқуъ пайваста, дар раванди иттилоотӣ-таҳлилии фаъолияти донишгоҳ рӯйдоди нек маҳсуб меёбад.

Маросими ифтитоҳи Марказ субҳи имрӯз бо иштироки ректори донишгоҳ профессор Усмонзода Аюб Ислом, масъулини раёсат, собиқадорони соҳа ва намояндагони воситаҳои ахбори омма доир шуд.

Ректори донишгоҳ профессор Усмонзода Аюб Ислом таъкид намуд, ки Маркази мазкур ҷиҳати татбиқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти тарбияи кадрҳои лаёқатманди соҳаи медиажурналистика ва бо назардошти рушди устувори расонаҳои хабарӣ дар назди донишгоҳ таъсис дода шуд.

Таъкид гардид, ки Маркази медиажурналистика ва рушди расонаҳои нав ҷиҳати ташкилу пешбурди маркази илмӣ-таълимӣ, ки ба даъватҳои муосир дар соҳаи журналистика ҷавобгӯй хоҳад буд, заминаи мусоид фароҳам меорад.

Илҳом Ҷамолиён, директори Маркази медиажурналистика ва рушди расонаҳои нави донишгоҳ дар мавриди мақсади таъсис ва фаъолияти Марказ ибрози назар намуда, огоҳ кардан ва омӯзонидани журналистони ояндаро бо навтарин майлонҳои расонаӣ ҳадафи меҳварии ин иқдом унвон намуд.

“Марказ дар баробари пешбурди корҳои таълимӣ, инчунин корҳои пажӯҳиши илмиро дар соҳаи рӯзноманигории рақамӣ ва расонаҳои нав анҷом хоҳад дод, ки бешак ба даъватҳои муосир дар соҳаи журналистика ҷавобгӯй хоҳанд буд”, - гуфт директори Марказ Илҳом Ҷамолиён.

Интизор меравад, ки дар Марказ ҳамчун лабораторияи илмии эҷодии донишҷӯён лоиҳаҳои инноватсионӣ таҳия ва татбиқ карда мешаванд ва он ба майдони таҷрибаи истеҳсоли расонаӣ, ба хотири озмоиш ва пешбурди технологияҳои ояндадор, эҷод, таҳия ва пешбурди муҳтавои расонаии чандбунсоза (мультиплатформенный контент), таҳия ва пешбурди шакл ва қолабҳои нави муҳтавои расонаӣ мубаддал гардад.

Собиқадорони соҳаи матбуот ифтитоҳи Маркази мазкурро дастоварди наҷиб унвон намуда, таъкид доштанд, ки фаъолияти самараноки он ҷиҳати тарбияи кадрҳои лаёқатманди соҳаи рӯзноманигории рақамӣ ва расонаҳои нав саҳми муассир хоҳад гузошт.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ