​Чорабинии тарбиявӣ таҳти унвони “Оилаам осудаву ҷамъи ҷаҳон обод аст”

Дар факултети математика бо ташаббуси кафедраҳои математикаи олӣ ва амалӣ, инчунин алгебра ва геометрия чорабинии тарбиявӣ оид ба “Соли маърифати ҳуқуқӣ” ва 16 рӯзи мубориза алайҳи хушунат нисбати занон баргузор гардид.

Ҷамъомадро дотсенти кафедраи математикаи олӣ ва амалӣ Мухсинова Сабоат оғоз намуда, аҳамияти масъалаи хушунат нисбати занон ва духтаронро таъкид кард. Таъкид рафт, ки хушунат на танҳо ҳуқуқҳои инсонро поймол мекунад, балки ҷомеа ва оиларо заиф мегардонад. Танҳо тавассути ҳамкорӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва амалҳои мушаххас метавон мушкилотро бартараф кард.

Муаллими калони кафедраи психологияи иҷтимоӣ ва касбӣ Раҳимова Муҳаррама дар мавзуи намудҳои зӯроварӣ ва роҳҳои пешгирии он суханронӣ намуд.

Собиқадори меҳнат, муаллими калони кафедраи алгебра ва геометрия Эгамова аз таҷрибаи зиндагии худ нақл намуда, донишҷӯёнро ба эҳтироми якдигар, омодагӣ ба зиндагии оилавӣ ва таъмини ҳамдигарфаҳмӣ ҳидоят карданд.

Ҳамзамон, мавзуи истифодаи дурусти шабакаҳои иҷтимоӣ баррасӣ гардид.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ