Чорабинии тарбиявӣ: Сироятёбӣ ва роҳҳои пешгирӣ аз бемории ВНМО

Ҳамасола санаи 1 декабр, Рӯзи ҷаҳонии Вируси Норасоии Масунияти Одам дар саросари дунё таҷлил карда мешавад. Ҳадафи он баланд бардоштани сатҳи огоҳии ҷаҳонӣ оид ба ВНМО ва нишон додани ҳамбастагии байналмилалӣ дар баробари пандемия мебошад.

Дар робита ба ин дар факултети иқтисодии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров чорабинии тарбиявӣ таҳти унвони “ВНМО,роҳҳои сироятёбӣ ва пешгирии он”бо иштироки мутахассис оид ба гузаронидани тренинг доирба мубориза бар зидди вируси норасоии масунияти одамМалика Рустамова гузаронида шуд.

Нахуст, муовини декан оид ба корҳои тарбия Манучеҳр Ҷӯраев ба кори чорабинӣ ҳусни оғоз бахшида, аз ҳадафҳои мизи гирд ёдовар шуд. Сипас, Малика Рустамова оид ба таърихи пайдоиши ВНМО, тарзу усулҳои гузариш ва роҳҳои пешгирӣ аз он маълумоти муфассал пешниҳод намуд. Қайд карда шуд, ки дар ҷаҳон зиёда аз 60 миллионнафар одамон ба он сироят шуда, аз ин шумора 20 миллиони онҳо ҷон бохтаанд. Номбурда дар идомаи суханаш афзуд, ки барои сироят наёфтани инсон ба ҳаргуна бемориҳо, риоя намудани гигиенаи шахсӣ муҳим ва зарур мебошад. Саломатии инсон дар дасти инсон мебошад.

Дар идома чорабинӣ, раиси занон ва духтарони факултет Ҳасанова Н. ва раиси созмони ҷавонони факултет Сӯҳроб Холиқбердиев фикру андешаҳоихудро доир ба мубориза алайҳи касалиҳои сироятӣ баён намуданд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ