Чорабинии тарбиявӣ-фарҳангӣ: “Зиндагӣ аз модар сарчашма мегирад”

Дар факултети математика бо ташаббусикафедраи математикаи олӣ ва амалӣ таҳти унвони «Зиндагӣ аз модар сарчашма мегирад» чорабинии тарбиявӣ-фарҳангӣ доир гардид.
Дар чорабинӣ декани факултет дотсент Маҳмудов Исмоилҷон суханронӣ намуда, дар мавриди нақши модарон дар тарбияи фарзандон ибрози назар намуд.
Дар чорабинӣ аз ҷониби донишҷӯён шеъру суруд, гуфтор дар васфи модар қироат намуданд.Инчунин саҳнаҳои ҳаҷвӣ ва тарбиявӣ, рақсу суруднамоиш дода шуд, ки ба чорабинӣ шаҳомати тоза бахшиданд.
Маркази иттилоот ва таҳлил