Чорабинии тарбиявӣ дар хобгоҳи донишҷӯён
Бо ташаббуси кумитаи муттаҳидаи иттифоқи касабаи раёсати донишгоҳ дар хобгоҳи писаронаи №9 чорабинии тарбиявӣ фарҳанги бахшида ба 30 солагии Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олӣ, 90-солагии ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ва Соли нави мелодӣ ташкил ва гузаронида шуд.
Чорабинири мураббии хобгоҳ Муҳамадшафақ Юсуфӣ оғоз бахшида, аз ҳадафҳои тадбири мазкур ёдовар шуд.
Чорабинӣ бо риояи унсурҳои хоси солинавӣ, арчаи бо бозичаҳо ороста шуда, иштироки қаҳрамонҳои афсонавии иди Соли нав Бобои барфӣ ва Барфак ҷараён гирифт.
Шеъру сурудхонӣ, чистонгӯӣ ва дигар машғулиятҳои фароғатӣ аз бозиҳои дилхушкунандае буд, табъи иштирокдоронро болида намуд. Аз тарафи донишҷӯён саҳначаҳои ҷолиби ҳаҷвӣ-тарбиявӣ ва дилхушкунанда намоиш дода шуд.
Дар интиҳои тадбири идона аз тарафи намояндаи кумитаи муттаҳидаи иттифоқи касабаи раёсати донишгоҳ Каримҷон Иброҳимов ба донишҷӯёни фаъол ифтихорномаҳо ва ба донишҷӯёни ятиму маъюб тӯҳфаҳои молӣ тақдим карда шуд.
Зикр гардид, ки ҷиҳати татбиқи сиёсати иҷтимоӣ ва инсонпарваронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар оянда низ чунин амалҳои хайрба таври доимӣва дар айёми ҷашну идҳо идома хоҳад ёфт.
Маркази иттилоот ва таҳлил