​Чорабинии тарбиявӣ бахшида ба 90-солагии донишгоҳ

Дар факултети забонҳои хориҷӣ бо ибтикори омӯзгорони кафедраи тарҷума ва грамматикаи забони англисӣ бахшида ба 90-солагии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ва 65-солагии таъсисёбии факултети забонҳои хориҷӣ соати тарбиявӣ бо иштироки васеи устодону донишҷӯён баргузор гардид.

Чорабинӣ бо садо додани Суруди миллӣ оғоз ёфт. Мудири кафедраи тарҷума ва грамматикаи забони англисӣ, дотсент Раъно Ибрагимова ба кори чорабинӣ ҳусни оғоз бахшида, ҳайати омӯзгорон ва иштирокчиёнроба муносибати90 – солагии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ва 65- солагии таъсисёбии факултет табрик намуд.

Баъдан, оиди таърихи таъсисёбии донишгоҳ навори кӯтоҳ нишон дода шуд. Дар идома донишҷӯён дар бораи дастовардҳоидонишгоҳ бо забонҳои хориҷӣ (русӣ, немисӣ, узбекӣ, англисӣ) маълумот пешкаш намуданд.

Ҳамчунин маърӯзачиён доир ба ҳаёт ва фаъолияти яке аз шахсиятҳои зиндаёд профессор Каримҷон Усмонов ёдоварӣ намуда, суруд ва шеърҳо дар васфи омӯзгор қироат намуданд.

Дар интиҳо барномаи фарҳангии пешкашгардида ба чорабинӣ ҳусни анҷом пазируфт.

Маркази иттиллот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ