​Чорабинӣ дар мавзӯи “Christmas and Weinahtan”

Бо ташаббуси кафедраи назария ва амалияи забони англисии факултети забонҳои хориҷӣ дар мавзӯи “Christmas and Weinahtan” дар хобгоҳи №3 чорабинӣ гузаронида шуд.

Чорабинии мазкур аз тарафи донишҷӯёни соли якуми ихтисоси забони англисӣ-олмонӣ ташкил гардид.

Дар доираи ин ташаббус донишҷӯён доир ба пайдоиш ва ташаккули анъанаи қайди ин ҷашн ба забони англисӣ ва немисӣ маълумоти мухтасар доданд.

Ҳадаф аз ин чорабинӣ таҳкими ҷаҳонбинии донишҷӯён ва маълумотнокии онҳо доир ба фарҳанг ва маданияти хориҷи кишвар маҳсуб меёбад.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ