"Чеҳраҳои мондагор" - беҳтарин намунаи осори таърихӣ

Дар факултети филологияи тоҷики МДТ "Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров" бо мақсади омӯзиши асари "Чеҳраҳои мондагор"-и Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҳфили навбатии умумидонишгоҳии "Пайравони Пешвои миллат" таҳти унвони "Чеҳраҳои мондагор - беҳтарин намунаи осори таърихӣ" баргузор гардид.

Дар чорабинӣ номзади илмҳои филологӣ, дотсент Саидумрон Саидов ширкат варзида, доир ба нақши осори гаронбаҳои Пешвои миллат дар рушди ҳамаҷонибаи насли ҷавон ҳарф зад. Сипас, номбурда китоби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон "Чеҳраҳои мондагор"-ро ба риштаи таҳлил кашида, иброз дошт, ки “Чеҳраҳои мондагор” беҳтарин намунаи осори таърихӣ, чи аз лиҳози мазмуну мундариҷа ва чи аз назари сабку услуб ва шеваи таҳқиқ аст, ки дар зоти худ беҳамтост. Дар китоб 25 чеҳраи мондагори тамаддуни олам, ки решапайванди миллати бузурги тоҷик мебошанд, барои имрӯзиён муаррифӣ гардидаанд. Аксарияти ин чеҳраҳои таърихӣ шахсияти барҷастае мебошанд, ки дар тағйири куллӣ бахшидани таърихи аҳли башар, ё миллати сарбаланди тоҷик таъсири бузург расонидаанд. Махсусан, хидмати ин чеҳраҳои мондагор дар муаррифӣ намудани фарҳангу тамаддуни миллат дар арсаи ҷаҳонӣ назир надорад. Пешвои миллат ҳини тадқиқот паҳлӯҳои ибратбахши ҳаёт ва фаъолияти афроди таърихиро ба қалам додааст.

Дар қисмати дуюми чорабинӣ ҳайати маҳфил ба дотсент Саидумрон Саидов саволҳои худро пешниҳод намуда, посухҳои мушаххас гирифтанд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ