​Cеминари илмӣ: “Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон-бахтномаи миллати тоҷик”

Бо ташаббуси кафедраи нақшакашӣ, геометрияи тасвирӣ ва методики таълим бахшида ба 30-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон зери унвони “Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон-бахтномаи миллати тоҷик” семинари илмӣ доир шуд.

Мудири кафедра дотсент Мирзабоев семинари илмиро ифтитоҳ бахшида, қайд намуд, ки Конститутсия дастовари бузурги Тоҷикистон ва пойдевори ҳуқуқии давлати наву соҳибистиқлоли мардуми тоҷик буда, шакли ифодаи ҳуқуқии ормонҳои давлатдории миллӣ, ҳимояи ҳадафҳову манфиатҳои миллӣ, осори таърихиву фарҳангӣ мебошад. Гуфта шуд, ки Конститутсия ҳамчун ифодакунанда ва равшангари роҳ ба сӯйи ояндаи неку пурсаодат моро водор месозад, ки минбаъд низ бо риояи арзишҳои волои демократӣ ва ҳуқуқӣ ҷомеаи худро аз ҳама гуна хатарҳои дохиливу берунӣ эмин нигоҳ дорем ва дар Ватани азизамон барои ҳар шаҳрванд шароити мусоиду шоистаи зиндагӣ ва фаъолият муҳайё созем.

Дар идома муаллими кафедра Алимбаева дар мавзуи “Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон-бахтномаи миллати тоҷик” маърӯза намуд. Дар маърӯза зикр шуд, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ҳуҷҷати олии ҳуқуқӣ, санади сарнавиштсозу шиносномаи давлату миллат, роҳнамои расидан ба орзую омоли халқ, заминаи низоми ҳуқуқии давлат, сарчашмаи рушди қонунгузорӣ, кафили ҳуқуқу озодиҳо, таъмингари соҳибихтиёрии давлат, инъикосгари қонунияту адолати иҷтимоӣ ва баёнгари ҳокимияти халқ, инчунин таҷассумгари принсипҳои хирадсолорию инсонмеҳварӣ дар мактаби сиёсии Пешвои миллат буда, таҷлили ҷашни 30-солагии қабули он нишони арҷгузорӣ ба ин падидаи муқаддаси миллӣ аз ҷониби кулли шаҳрвандони Ватанамон маҳсуб мешавад.

Дар хотима миёни иштирокдорони семинари илмӣ табодули афкор сурат гирифт.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ