​Чароғи ҳидоят

Дар доираи маҳфили тарбиявии "Чароғи Ҳидоят" дар факултети филологияи русии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров чорабинӣ баргузор гардид. Чорабинӣ ба гиромидошти хотираи ду шахсияти бузурги соҳаи маориф — профессор Бароат Абдураҳимовна Ҳоҷибоева ва профессор Александр Зиновьевич Дун бахшида шуд.

Таъкид рафт, ки Бароат Абдураҳимовна, ҳамчун омӯзгори соҳибтаҷриба ва олими маъруф, тамоми умри пурбаракати худро ба рушди илм ва тарбияи мутахассисони ҷавон бахшидаанд. Хизматҳои арзандаи ӯ дар ташаккули факултети филологияи рус ва саҳми ӯ дар тарбияи кадрҳои баландихтисос ҳамеша дар ёди ҳамкорону шогирдон боқӣ мемонад.

Гуфта шуд, ки Александр Зиновьевич Дун низ бо саҳми назарраси худ дар рушди илм, хусусан дар соҳаи забон ва адабиёти рус, ҳамчун шахсияти илҳомбахш ва омӯзгори комил шинохта шудааст. Маҳорати касбӣ ва истеъдоди нодири ӯ ба рушди факултет ва тарбияи донишҷӯён таъсири мусбат расонидааст.

Дар чорабинӣ донишҷӯён ва омӯзгорон аз хизматҳои ин ду устоди бузург ёдовар шуда, нақши онҳоро дар рушди илм ва методикаи таълим баррасӣ карданд. Ҳадафи асосии маҳфили "Чароғи ҳидоят" ҳифзи хотираи ин шахсиятҳо ва таблиғи фаъолияти илмии онҳо дар миёни ҷавонон мебошад.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ