​​Чароғи ҳидоят: ҳусну сафои зиндагӣ

Дар толори факултети забонҳои хориҷӣ маҳфили навбатии “Чароғи ҳидоят” бахшида ба 75 - солагии дотсенти кафедраи фонетика ва лексикологияи забони англисӣ Мавлудахон Неъматуллоева бо иштироки ректори Донишгоҳ профессор Усмонзода Аюб Ислом, декани факултет профессор Меҳриниссо Абдуллоева ва ҳайати устодону донишҷӯён баргузор гардид.

Профессор Усмонзода Аюб маҳфилро ифтитоҳ намуда, афзуд, ки таҷлил гардидани 75-солагии фаъолияти омӯзгори собиқадори ин махзани илму маърифат Мавлудахон Неъматуллоева боиси ифтихору сарфарозии ҷомеаи меҳнатии Донишгоҳ мебошад. Гуфта шуд, ки сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои таълим ва омӯзиши забонҳои хориҷӣ, аз ҷумла забони англисӣ шароити муосид фароҳам оварда, дар сатҳи баланди давлатӣ барои ба ҳадафҳои ососӣ ноил гардидан тадбирҳои амалӣ андешида шуда, Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ҳамчун боргоҳи бонуфузи илму маърифат дар самти иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат тадбирҳои муҳимеро марҳила ба марҳила амалӣ намуда истодааст.

Аз ҷумла, барои омӯзиши забони англисӣ нерӯи илмии Донишгоҳ қавӣ буда, ҳамеша ба таври афзалиятнок аз он истифода карда мешавад.

Дар идома профессор Меҳриниссо Абдуллоева дар мавзуи “Ҳусну сафои зиндагӣ” маърӯза ироа намуд. Мавсуф афзуд, ки дотсент Мавлудахон Неъматуллоева аз устодони пуртаҷриба ва сермаҳсул маҳсуб ёфта, бо нерӯи қавиву иродаи мустаҳкам барои пешбурди илму маърифат ва раванди таълиму тарбия корҳои муҳиму арзишмандеро сомон дода, саҳми хешро рушди илми забоншиносӣ гузоштаанд.

Баъдан, профессор Матлуба Азимова дар мавзуи “Олиҳа, олима, сарвару модари ғамхор”, Д.Исоева-муаллими калони кафедраи фонетика ва лексикологияи забони англисӣ дар мавзуи “Устоди соҳибфазилату соҳибкасб”, роҳбари маҳфили “Чароғи Ҳидоят” дотсент Саидмаҳмад Олов дар мавзуи “Машъали Фурӯзон” ва доктор PhD З.Азизова дар мавзуи “Инсони созанда ва масъулиятшинос” баромад намуданд. Дар маърӯзаҳо фаъолияти густардаи дотсент Мавлудахон Неъматуллоева мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Дар фарҷом барномаи ҷолиби фарҳангӣ пешкаши аҳли нишаст гардонида шуд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ