​БУЗУРГДОШТИ РӮДАКӢ ВА МАВЛОНО ТАҲТИ УНВОНИ “АЗ ПАНҶРӮД ТО ВАХШ” ДАР ДОНИШГОҲ

Ба муносибати Рӯзи Рӯдакӣ ва Мавлоно дар Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” таҳти унвони “Аз Панҷрӯд то Вахш” конфронси илмӣ-амалӣ баргузор шуд. Дар конфронс роҷеъ ба мақому ҷойгоҳи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ ва Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ дар таърихи адабиёти тоҷику форс ва ҷаҳон маърӯзаҳо қироат гардид.

Муовини ректор оид ба илм ва инноватсияи МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” Содиқ Ятимзода конфронсро оғоз намуда, иштирокчиёнро ба муносибати Рӯзи Рӯдакӣ ва Мавлоно аз номи ректори Донишгоҳ Набизода Мирзотоҳир Сайфиддин табрик намуд. Мавсуф иброз дошт, ки дар кишвар таҷлил гардидани Рўзи Рўдакӣ ва Мавлоно нишонаи эҳтиром ба сухан, хирад ва адабиёти оламшумули миллати тоҷик мебошад, ки таҳти сиёсати оқилона ва маънавибунёди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳандозӣ шудааст.

Сипас, намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Сӯҳроб Рустамзода зимни баромади худ кулли иштирокчиёнро бахшида ба гиромидошти Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ ва Ҷалолиддини Балхӣ табрик кард. Ҳамчунин таъкид гардид, ки тоҷикон мардуми соҳибтамаддуне мебошанд, ки забони чандинҳазорсоларо ҳифз карда, бо офаридани асарҳои беназири панду ахлоқӣ дар ҷаҳон шӯҳратёр гардидаанд ва имрӯз мардуми олам аз он ҳамчун беҳтарин шоҳкории адабиёт истифода бурда, лаззати маънавӣ мегиранд.


Доктори илмҳои филологӣ, профессор Нуралӣ Нурзод, доктори илмҳои филологӣ, профессор Садриддин Мирзозода ва номзади илмҳои филологӣ, дотсент Сорбон Азизов вобаста ба саҳми беназири Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба бузургдошти Рӯдакӣ ва Мавлоно маъруза намуданд.

Инчунин дар рафти ҳамоиш музокираи илмӣ сурат гирифта, донишҷӯён аз осори Абдӯабдуллоҳ Рӯдакӣ ва Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ шеърҳо қироат карданд.

Маркази иттилоот

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ