​Бозии интелектуалии “Тривиуми математикӣ”

Ҷиҳати баланд бардоштани савия дониши донишҷӯён, бедор намудани шавқу ҳаваси онҳо нисбати фанҳои дақиқ ва амалигардонии “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” аз тарафи сармуаллими факултети математика Бӯстонбек Ҷумаев бозии интелектуалии “Тривиуми математикӣ” гузаронида шуд.

Гуфта шуд, ки ташкили бозиҳои математикӣ фаҳмиши хонандагонро дар бораи мафҳумҳои асосии математика амиқтар мекунад ва ҳамзамон ба донишҷӯён ҳисси комёбӣ ва мустақилият мебахшад.

Иттилоъ дода шуд, ки чунин тадбирҳо ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи саводи математикӣ дар тамоми гурӯҳҳои академии факултет роҳандозӣ карда хоҳад шуд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ