​БОЗГАШТИ МУШТИ ХОК – ТАҶАССУМИ ЭҲТИРОМ БА ТАЪРИХ ВА ҲУВИЯТИ МИЛЛӢ

Дар Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” имрӯз дар ҳамаи факултет ва зерсохторҳои донишгоҳ таҳти унвони «Бозгашти мушти хок - эҳёи хотираи миллат» хониши сиёсӣ баргузор гардид.

Чорабинӣ бо иштироки роҳбарияти донишгоҳ, ҳайати профессорону омӯзгорон, кормандон ва донишҷӯён доир гардида, ба яке аз рӯйдодҳои муҳимми таърихиву миллӣ - бозгардонидани мушти хоки фарзандони фарзонаи миллат ба Ватан бахшида шуд.

Зимни хониши сиёсӣ иштирокчиён иқдоми таърихии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро оид ба бозгардонидани мушти хоки Қаҳрамонони Тоҷикистон Шириншоҳ Шоҳтемур, Нусратулло Махсум ва Нисор Муҳаммад ҳамчун нишонаи олии арҷгузорӣ ба таърихи миллат ва эҳтиром ба хизматҳои фарзандони содиқи Ватан арзёбӣ намуданд.

Таъкид гардид, ки ин иқдоми наҷиб на танҳо аҳаммияти таърихӣ дорад, балки рамзи эҳёи хотираи миллӣ, таҳкими худшиносиву худогоҳӣ ва пос доштани мероси давлатдории тоҷикон ба шумор меравад. Зикр шуд, ки шахсиятҳои барҷастае чун Шириншоҳ Шоҳтемур, Нусратулло Махсум ва Нисор Муҳаммад барои ташаккул ва таҳкими давлатдории миллӣ, ҳифзи манфиатҳои халқ ва пойдории ҳувияти миллӣ саҳми арзишманд гузоштаанд.

Дар ҷараёни чорабинӣ омӯзгорон ва муҳаққиқон вобаста ба фаъолияти сиёсиву давлатии ин фарзандони фарзонаи миллат маърӯза намуда, нақши онҳоро дар таърихи давлатдории тоҷикон муҳиму мондагор арзёбӣ карданд.

Ҳамзамон, иштирокчиён таъкид намуданд, ки омӯзиш ва тарғиби ҳаёт ва фаъолияти фарзандони барӯманди миллат дар шароити ҷаҳони муосир барои тарбияи ҷавонон дар руҳияи ватандӯстӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва ҳифзи истиқлолияти давлатӣ аҳаммияти хосса дорад.

Маркази иттилоот

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ