​Боздиди ректори донишгоҳ аз факултети санъати тасвирӣ ва технология

Ректори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров профессор Ҷамшед Ҷӯразода ҷиҳати шинос шудан бо раванди таълим ва шароити таҳсили донишҷӯён аз факултети санъати тасвирӣ ва технология боздид намуд.

Ҳадаф аз ин иқдом огоҳ шудан бо раванди таълим, сифати таҳсилот, сатҳи дониши донишҷӯён ва муайян намудани камбудиҳои ҷорӣ унвон мешавад.

Профессор Ҷамшед Ҷӯразода бо донишҷӯён суҳбат намуда, аз онҳо дар бораи имконият ва шароити таҳсил дар давраи фасли сармо пурсон шуд.

Ҳамзамон, ректори донишгоҳ оид ба мавзуъҳои марбут ба тахассусии донишҷӯён суолҳо дода, бо дараҷаи саводи донишҷӯён шиносоӣ пайдо намуд.


Донишҷӯён дар навбати худ ба роҳбарияти донишгоҳ ҷиҳати дастгирии пайваста ва ғамхории мунтазам изҳори миннатдорӣ намуданд.

Аз донишҷӯён даъват ба амал оварда шуд, ки бо истифода аз шароити мусоид ва сарфаи оқилонаи вақт дониш омӯхта, барои пайдо намудани мавқеи устувор дар ҷомеа кӯшиш кунанд.

Хотиррасон менамоем, ки чунин ташаббус дар тамоми факултетҳои донишгоҳ аз ҷониби ректори донишгоҳ мунтазам роҳандозӣ мешавад, ки мақсад аз он мусоидат ба рушди фаъолият ва фароҳам овардани шароити арзанда барои донишҷӯён маҳсуб меёбад.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ