БОЗДИДИ РЕКТОР АЗ КИТОБХОНАИ ИЛМИИ ДОНИШГОҲ

Имрӯз ректори Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров» Набизода Мирзотоҳир Сайфиддин аз фаъолияти Китобхонаи илмии донишгоҳ боздид намуд. Ин дидор дар замоне сурат гирифт, ки бо тадриҷ зиёд шудани талаботи донишҷӯён ба дастрасии иттилоот, аҳамияти китобхонаҳои донишгоҳиро бештар месозад.

Ректори Донишгоҳ аз толорҳои хониш, хизматрасонӣ, пурракунӣ, маълумотдиҳӣ, электронии китобхона, инчунин аз толорҳои «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Илм фурӯғи маърифат» ва «Тоҷикон дар оинаи таърих» дидан кард.

Директори китобхонаи илмӣ Дилбар Самадова иттилоъ дод, ки фонди китобхона зиёда аз 250 ҳазор нусха китобро дар бар мегирад ва ҳар рӯз беш аз 300 донишҷӯ аз хидматҳои он истифода мебаранд. Ба гуфтаи масъулон, талаботи афзояндаи донишҷӯён ба китобу манбаъҳои илмӣ зарурати густариши инфрасохтори китобхонаро боз ҳам бештар кардааст.

Таъкид гардид, ки бо дастури ректори Донишгоҳ аз оғози соли таҳсили 2025-2026 зиёда аз 5000 китоби дарсӣ ва илмӣ (300 номгӯ) харидорӣ карда шудааст, ки ин имкони таълим ва рушди илмии донишҷӯёнро ба таври назаррас густариш додаву заминаи беҳтари дастрасӣ ба донишҳои муосирро фароҳам овардааст.

Пас аз боздид, ректори Донишгоҳ бо кормандони китобхона мулоқот анҷом дода, аз сифати хизматрасонӣ изҳори қаноатмандӣ кард ва саҳми кормандонро дар ҷалби донишҷӯён ба китобхонӣ баланд арзёбӣ намуд. Ба гуфтаи ректори Донишгоҳ Набизода Мирзотоҳир Сайфиддин китобхона бояд ба як маркази фаъол, муосир ва ҳамеша мавриди боздиди донишҷӯён табдил ёбад.

Дар ҷараёни мулоқот, ректор пешниҳодҳо ва мушкилоти кормандонро шунида, як қатор ҳадафҳои амалиро барои марҳилаи нави фаъолият баён дошт. Аз ҷумла: фароҳам овардани шароити бештари мутолиа ва муҳити қулай барои китобхонҳо; пурзӯр кардани фаъолияти толорҳои озмунӣ ва баргузории чорабиниҳои нави фарҳангию илмӣ; ҷалби хатмкунандагон, магистрантон ва докторантон ба корҳои илмӣ-тадқиқотӣ дар китобхона; ғанӣ гардонидани фонди китобхонаи электронӣ бо манбаъҳои муосир; зиёд намудани ҷойҳои нишаст дар толорҳои хониш; таъмини фаъолияти мунтазами филиалҳои китобхона дар хобгоҳҳои донишҷӯён.

Татбиқи ин иқдомҳо метавонад хизматрасонии китобхонаро ба сатҳи нав барорад, муҳити илмиро боз ҳам фаъолтар созад ва сифати таҳсилро дар донишгоҳ беҳтар намояд.

Боздиди имрӯза нишон дод, ки роҳбарияти донишгоҳ ба рушди фарҳанги китобдорӣ, ташаккули муҳити солими маърифатӣ ва баланд бардоштани савияи илмии донишҷӯён таваҷҷуҳи ҷиддӣ дорад. Ин иқдом метавонанд дар солҳои наздик ба баланд шудани сатҳи таҳқиқоти илмӣ дар донишгоҳ низ мусоидат намояд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ