БОЗДИДИ МУОВИНИ ВАЗИРИ МАОРИФ ВА ИЛМ АЗ МДТ "ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ ХУҶАНД БА НОМИ АКАДЕМИК БОБОҶОН ҒАФУРОВ"
Муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Иброҳимзода Илҳомуддин дар доираи сафари корӣ аз Муассисаи давлатии таълимии "Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров" дидан намуда, бо раванди таълим, баргузории машғулиятҳо, иштироки донишҷӯён дар дарсҳо ва истифодаи маводи таълимӣ аз наздик шинос гардид.
Зимни боздид аз ҷониби роҳбарияти донишгоҳ доир ба самтҳои фаъолияти муассиса, ҷараёни тадрис, фаъолияти илмӣ-таҳқиқотӣ ва шароиту имконоти муассисаи таълимӣ маълумот пешниҳод гардид.
Муовини вазири маориф ва илм ба роҳбарият ва масъулини Донишгоҳ ҷиҳати баланд бардоштани сатҳу сифати таълиму тарбия, истифодаи усулҳои муосири таълим ва мутобиқ ба талаботи бозори меҳнат омода намудани кадрҳои соҳибтахассус тавсияву маслиҳатҳои муфид дод.
Ректори МДТ "Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров" Набизода Мирзотоҳир Сайфиддин иброз дошт, ки роҳбарияти муассиса минбаъд низ дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи маориф фаъолияти худро ба роҳ монда, баҳри баланд бардоштани сифати таълиму тарбия ва омода намудани мутахассисони рақобатпазир аз тамоми имконияти мавҷуда истифода хоҳанд кард.