Боздиди муовини раиси вилояти Суғд аз инфрасохтори варзишии донишгоҳ
Тибқи дастуру супориши Раиси вилояти Суғд, ки дар таърихи 8 августи соли 2025 зимни суханронӣ ба муносибати Рӯзи варзишгарон ироа гардид, муовини раиси вилояти Суғд Зуфар Исмоилзода аз иншоотҳои варзишии Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” боздид намуд. Ибтикори мазкур ҷиҳати шиносоӣ бо вазъи инфрасохтори варзишӣ ва ҷараёни омодагиҳои иншооти варзишии донишгоҳ ба соли нави таҳсил сурат гирифт.
Муовини раиси вилоятро ректори Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” Набизода Мирзотоҳир Сайфиддин ҳамроҳӣ намуда, доир ба имконият ва базаи моддии иншоотҳои варзишӣ, ҳамзамон оид ба ташаббусҳои донишгоҳ дар самти ҳифз ва тарғиби тарзи ҳаёти солим миёни устодону донишӯён маълумот дод.
Дар ҷараёни боздид меҳмонон аз майдони варзишии “Хуррамшаҳр”, варзишгоҳи марказии донишгоҳ, факултети тарбияи ҷисмонӣ, толори варзишии факултети таърих ва ҳуқуқ, майдончаҳои футбол, волейбол, баскетбол дидан намуданд.
Ректори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Набизода Мирзотоҳир ба муовини раиси вилоят иттилоъ дод, ки факултети тарбияи ҷисмонӣ ва иншоотҳои варзишии донишгоҳ бо таҷҳизоти зарурӣ таъмин буда, барои баргузории машғулият, тамрин ва мусобиқаҳои сатҳи гуногун шароити мусоид фароҳам оварда шудаанд.
Таъкид гардид, ки донишгоҳ пайваста ҷиҳати навсозӣ ва васеъ намудани пойгоҳи моддиву техникӣ дар бахши варзиш тадбирҳои зарурӣ меандешад. Мақсад аз ин иқдом на танҳо баланд бардоштани сатҳи омодагии варзишии донишҷӯён, балки ташвиқи онҳо ба риояи тарзи ҳаёти солим ва иштироки фаъол дар чорабиниҳои варзишӣ унвон гардид.
Зуфар Исмоилзода аз иқдомоти роҳбарияти донишгоҳ дар самти таҳкими инфрасохтори варзишӣ ва муҳайё сохтани шароити мусоид барои рушди варзиш дар байни ҷавонон изҳори қаноатмандӣ намуда, зарурати идомаи чунин амалҳои созандаро таъкид кард. Гуфта шуд, ки варзиш на танҳо омили муҳими саломатӣ, балки воситаи таҳкими дӯстӣ, ҳамбастагӣ ва худогоҳии насли наврасу ҷавон мебошад.
Ректори донишгоҳ Набизода Мирзотоҳир таваҷҷуҳ ва дастгириҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғдро ҷиҳати таъмини рушди равандҳои фаъолияти донишгоҳ таъкид намуда, аз тадбирҳои тозаи донишгоҳ дар соли нави таҳсил ҷиҳати мусоидат ба рушди варзиш хотиррасон шуд.
Дар фарҷоми боздид муовини раиси вилоят ба масъулини донишгоҳ тавсия дод, то бо ҷалби мутахассисони варзида, баргузор намудани мусобиқаҳои мунтазам, ташкили чорабиниҳои тарбиявӣ ва маърифатӣ, инчунин такмили базаи варзишӣ, сатҳу сифати омӯзиши варзишро боз ҳам боло баранд.
Маркази иттилоот ва таҳлил