​Боздиди донишҷӯёни факултети санъати тасвирӣ ва дизайн аз осорхонаи донишгоҳ

Бо ташаббуси кафедраи нақшакашӣ, геометрияи тасвирӣ ва методикаи таълим донишҷӯёни курси 3-юми ихтисоси “Санъати тасвирӣ ва нақшакашӣ. Технология” таҳти роҳбарии сарпарасти гурӯҳ муаллими калон Акилова Муқаддас ва дотсент Олов Саидмаҳмад аз осорхонаи донишгоҳ дидан намуданд. Дар рафти боздид аз тарафи мудири осорхона дотсент Юлдошев Рустам ба донишҷӯён аз таърихи донишгоҳ маълумоти муҳим манзур гардид.

Маврид ба зикр аст, ки ҳадаф аз ин иқдом тарбия намудани ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, хештаншиносӣ ва ифтихори миллӣ унвон мешавад.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ