​Боздид аз Осорхонаи ҷумҳуриявии Бобоҷон Ғафуров

Бо ташаббуси кафедраи адабиёти муосири тоҷик донишҷӯёни ихтисоси “Забон ва адабиёти тоҷик. Фарҳанги ҷаҳонӣ ва ватанӣ” аз Осорхонаи ҷумҳуриявии Бобоҷон Ғафуров дидан намуданд.

Ин иқдом бо мақсади шиносоӣ ва эҳтиром гузоштан ба ёдгориҳои таърихӣ, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстиву худшиносии миллии донишҷӯён ба роҳ монда шуд.

Донишҷӯён дар баробари боздид аз осорхона, инчунин бо мавод, лавозимот ва ашёҳое, ки аз шаҳри Маскави Федератсия Русия ба осорхонаоварда шудаанд, шинос шуданд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ