​БОБОҶОН ҒАФУРОВ – БУЗУРГТАРИН МУҲАҚҚИҚ ВА МУАРРИФГАРИ ТАЪРИХИ ХАЛҚИ ТОҶИК

Таҳти чунин унвон дар толори раёсати Донишгоҳ бахшида ба зодрӯзи фарзонафарзанди миллат, арбоби намоёни давлативу сиёсӣ, муаллифи шоҳасари “Тоҷикон”, Қаҳрамони Тоҷикистон, аллома Бобоҷон Ғафуров конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор гардид.

Конференсияро ректори Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров» Набизода Мирзотоҳир Сайфиддин ифтитоҳ намуда, таъкид дошт, ки фарзанди фарзонаи миллат, Қаҳрамони Тоҷикистон академик Бобоҷон Ғафуров тамоми фаъолияти худро барои гирдоварӣ, таҳқиқ ва муаррифии таърихи миллати тоҷик ва манзури ҷаҳониён гардонидани он сарф намуда, номашро дар радифи донишмандони сатҳи ҷаҳонӣ маълуму машҳур гардонид.

Ҳамчунин таъкид шуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти Бобоҷон Ғафуров баҳои баланд дода, ӯро ҳамчун ходими дурандеши давлатӣ, сиёсатмадори барҷаста ва олими тавоно шинохтаанд.

Дар бахши илмии конференсия дотсент Шавкат Шарипов дар мавзуи «Номаҳои котиби аввали КМ Ҳизби коммунистии Тоҷикистон Бобоҷон Ғафуров ба КМ ҲК ИШ (б) оид ба масъалаҳои таърих ва мероси фарҳангии халқҳои Осиёи Марказӣ», сардори раёсати илм ва инноватсияи Донишгоҳ Мӯсо Олимҷонов дар мавзуи «Академик Бобоҷон Ғафуров ва масъалаи ташаккули забони адабии тоҷикӣ» ва докторант Ҳоҷиев Фарҳод дар мавзуи «Фаъолияти ҳизбию давлатӣ ва илмию эҷодии Бобоҷон Ғафуров дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ» маърӯзаҳо ироа намуданд.

Дар суханрониҳо зикр гардид, ки омӯзиш ва тарғиби мероси илмию фарҳангии академик Бобоҷон Ғафуров барои таҳкими худшиносии миллӣ ва рушди илми тоҷик аҳаммияти хосса дорад.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ