​Бо пайроҳаи падарони шӯҳратманд

Таҳти ин унвон дар толори калони раёсати донишгоҳ конференсияи вилоятии илмӣ-амалӣ бахшида ба ҳаёт ва фаъолияти дотсенти кафедраи омодагии дифои ҳарбӣ, ҷанговари интернатсионалист, дорандаи ордени Ленин, полковники мустаъфӣ Ҷамол Ашӯров бо иштироки намояндагони мақомоти давлативу ҳифзи ҳуқуқ ва устодону донишҷӯён баргузор гардид.

Ректори донишгоҳ, профессор Усмонзода Аюб Ислом ҳамоишро ифтитоҳ намуда, афзуд, ки боиси ифтихору сарфарозии ҷомеаи меҳнатии Донишгоҳи давла­тии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров аст, ки дар ин боргоҳи бошукӯҳи илму маърифат яке аз чеҳраҳои муваффақ, полковники мустаъфӣ дотсент Ашӯр Ҷамолов фаъолият мебаранд. Роҳбари донишгоҳ қайд намуд, ки Ашӯр Ҷамолов собиқадори хизмати ҳарбӣ буда, аз вазифаи афсари қаторӣ то ба рутбаи полковникӣ расидааст. Усмонзода Аюб иброз дошт, ки ба қадри меҳнати ин гуна шахсиятҳои намоён Ҳукумати кишвар, шахсан Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша мерасанд, ки ин аз муҳимтарин рукнҳо ва тадбирҳои асосии сиёсати имрӯзаи маънавиятпарвари Сарвари давлат ба шумор меравад. Пешвои миллат дар ҳар суханрониву навиштаҳояшон ба хидмати хизматчиёни ҳарбӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамоянд, ки ин боиси ифтихори ҳар кадоми мо мебошад.

Сипас, намояндаи Раёсати Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд дар мавзуи “Шуҷоат ва мардонагӣ дар роҳи хизмат ба Ватан” маърӯза ироа намуда, ҳаёт ва фаъолияти полковники мустаъфӣ Ашӯр Ҷамоловро шоистаи таҳсин ва намунаи ибрат хонд. Ҳамчунин Шавқат Шарифов – раиси Шӯрои собиқадорони донишгоҳ дар мавзуи “Устод, мураббӣ ва ҳидоятгари ҳомиёни Ватан” перомуни фаъолияти ибратпазири дотсент Ашӯр Ҷамолов баромад намуд.

Дар идомаи кори конференсия барқияҳои табрикотии хешону пайвандони ба унвони чорабинии имрӯза ворид гардида ироа гардиданд.

Барномаи фарҳангии пешкашгардида ба кори конференсия ҳусни анҷом пазируфт.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ