​БО ҶОИЗАВУ ИФТИХОРНОМА ҚАДРШИНОСӢ ГАРДИДАНИ 11-НАФАР УСТОДОНИ ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ ХУҶАНД БА НОМИ АКАДЕМИК БОБОҶОН ҒАФУРОВ

Ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаб Аҳмадзода маросими тантанавии супоридани Ифтихорномаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, Ҷоизаи вилоятии ба номи Камоли Хуҷандӣ ва Ҷоизаи вилоятии ба номи академик Бобоҷон Ғафуров баргузор гардид.

Дар қатори дигар намояндагони касбу кори гуногун, ки дар пешрафти соҳоти мухталифи хоҷагии халқ саҳми арзанда гузоштаанд, аз ҷониби раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаб Аҳмадзода ба 9 нафар устодони МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” Дадобоева Нодирахон, Латифӣ Гулсара, Ғаффорӣ Замира, Олимӣ Абдуманнон, Анварова Маърифат, Ҳомидова Мунира, Ойматова Мунаввара, Сангинов Салом ва Раҳимов Умарҷон дар вазъияти тантанавӣ Ифтихорномаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд супорида шуд.

Дар доираи ин чорабинии тантанавӣ аз ҷониби Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода устодони донишгоҳ доктори илмҳои филологӣ, профессор Умеда Ғаффорова бо Ҷоизаи вилоятии ба номи Камоли Хуҷандӣ ва номзади илмҳои география, дотсент Турдиев Турдӣ бо Ҷоизаи вилоятии ба номи академик Бобоҷон Ғафуров қадрдшиносӣ гардиданд.

Ҷомеаи меҳнатии Донишгоҳ аз ин таваҷҷуҳу дастгирии навбатии давлату Ҳукумат рӯҳбаланд гардида, минбаъд низ тамоми талошу кӯшиши худро барои пешрафти илму маориф ва тарбияи кадрҳои баландихтисос равона хоҳанд кард.

Роҳбарият ва кормандону устодони МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” устодонро бо дастовардҳои арзанда самимона табрик намуда, ба онҳо дар фаъолияти минбаъдаи илмӣ, таълимӣ ва ҷамъиятӣ комёбиҳо орзу менамояд!

Маркази иттилоот

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ