​Баррасии вазъи фаъолияти илмии докторантон

Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров аттестатсияи докторантон доир гардид.

Сабурӣ Хайруло Мирзозода, муовини ректор оид ба корҳои илм ва инноватсия бо докторантон – хатмкардагони соли 2021-2022 мулоқот анҷом дода, вазъи фаъолияти илмии онҳоро баррасӣ намуд.

Дар доираи ин ташаббус натиҷаи кори илмии докторантон мавриди таҳлил қарор гирифт. Докторантон дар бораи натиҷаи фаъолияти таҳқиқотии худ маълуҷмот доданд.

Ҳадаф аз ин ташаббус таҳкими фаъолияти докторантон дар самти ҳимояи рисолаи номзадӣ унвон мешавад.

Аз ҷониби масъулин ҷиҳати ба танзим даровардани ҳуҷҷатгузорӣ ва сифатнок оғози марҳилаҳои муҳокима маслиҳатҳо дода шуд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ