​Баррасии функсияҳои бисёртағйирёбанда дар дарси кушод

Дар факултети Телекоммуникатсия ва технологияҳои иттилоотӣ аз фанни “Асосҳои метематикии телекоммуникатсия” дарси кушод гузаронида шуд. Ин иқдом аз ҷониби сармуаллими кафедраи мазкур Абдуллозода Мазбут амалӣ шуда, ҳадаф аз он ҷалби таваҷҷуҳи донишҷӯён ба мавзуъ ва баланд бардоштани сифати дарс унвон мешавад.

Дар дарси кушод муовини декан оид ба таълим ва омӯзгорони кафедра иштирок намуданд.

Маврид ба зикр аст, ки дар раванди дарс аз ҷониби омӯзгор ба шогирдон моҳият ва нуқтаҳои асосии мавзуъро фаҳмонида шуд. Дар ҷараёни дарс аз технологияҳои муосир, аз ҷумла тахтаи электронӣ ва овезаҳо вобаста ба мавзӯъ васеъ истифода бурда шуд.

Донишҷуён дар мавзӯи функсияҳои бисёртағйирёбанда баромад намуданд. Мақсад аз баргузории дарсҳои кушод баланд бардоштани донишу малакаи донишҷӯён дар самти илмҳои табиӣ, дақиқ ва риёзӣ маҳсуб меёбад.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ