​Баргузории спартакиада дар факултети муҳандисӣ-омӯзгорӣ

Масъалаи беҳдошти саломатии ҷавонон ва рӯ овардани онҳо ба варзиш яке аз ҳадафҳои аслии давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Дар робита ба ин рар факултети муҳандисӣ-омӯзгории МДТ “ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров”спартакиада аз рӯи намудитенниси рӯи миз, шоҳмот, шашка ва дастхобонӣбайни гурӯҳҳои академикии донишҷӯёни факултет бахшида ба 30-солагии таъсисёбии Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил ва баргузор гардид. Ҳадаф аз гузаронидани чорабинии мазкур ин тарғибу ташвиқи намудҳои мухталифи варзиш, таҳкими дӯстӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва ватанпарастӣ, тарғибу тарзи ҳаёти солим ва ҷалби донишҷӯён ба чорабиниҳои мунтазами варзишӣ, барои интихоб намудани донишҷӯ варзишгарони болаёқат барои дастаҳои яккачини факултет, тайёрӣ ва иштирок дар Спартакиадаҳои донишгоҳӣ унвон гардид.

Дар фарҷом ба ғолибони Спартакиада ва масъулини ин чорабинӣ аз тарафи деканифакултет, дотсент Муқаддас Неъматзода миннатдорӣ баён карда шуда, дар вазъияти тантанавӣ медал ва дипломҳо супорида шуд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ