​Баргузории озмуни умумидонишгоҳии “Магистранти сол”

Бо мақсади таҳким бахшидан ба раванди корҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва муаррифии натиҷаи корҳои илмӣ-тадқиқотии магистрантон дар Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” озмуни умумидонишгоҳии “Магистранти сол" баргузор гардид.

Даври ниҳоии озмуни мазкур дар Раёсати донишгоҳ байни 13 магистрант: 7 нафар аз рӯи ихтисоси табиӣ-риёзӣ ва 6 нафар аз рӯи ихтисоси ихтисосҳои ҷомеашиносӣ сурат гирифт.

Дар натиҷаи холгузории аъзои комиссия ба дастовардҳои магистрантон аз рӯи ихтисосҳои табиӣ-риёзӣ зинаҳои ифтихориро Баҳодур Меликбоев,магистранти курси якуми ихтисоси физика (ҷои якум), Рӯзибой Баротов, магистранти курси дуюми ихтисоси математика (ҷои дуюм), Мирзосодиқ Сангинов, магистранти курси дуюми ихтисоси география (ҷои сеюм) ва аз рӯи ихтисосҳои ҷомеашиносӣ - Шоира Олимова, магистранти курси дуюмиихтисоси забон ва адабиёти тоҷик (ҷои якум), Муаззам Алиматова, магистранти курси дуюми ихтисоси таҳсилоти томактабӣ (ҷои дуюм), Муҳайёхон Қаюмова, магистранти курси дуюми ихтисоси кори бонкӣ (ҷои сеюм) сазовор гардиданд.

Мавриди зикр аст, ки озмуни макур мунтазам доир гашта, ҳадаф аз дарёфт ва дастгирии ҷавонони донишманду соҳибистеъдод, муайян намудани мавқеи касбӣ ва маърифатмандии онҳо, интихоби беҳтарин кадрҳои илмиву педагогӣ ва дар ин замина омода намудани мутахассисони ҷавобгӯ ба меъёрҳои байналхалқии бозори меҳнат мебошад.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ