БАРГУЗОРИИ МАҲФИЛИ ИЛМӢ-АДАБИИ «ШОҲНОМАХОНӢ»
Санаи 4-уми декабр дар факултети забонҳои шарқи Донишгоҳ нахустин маҳфили илмӣ-адабии «Шоҳномахонӣ» бо иштироки устодону донишҷӯён баргузор гардид.
Дар маҳфил оид ба ташаббусҳои маърифатпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, аз ҷумла баргузории озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ», ҳадя намудани китоби «Шоҳнома» ба ҳар хонадон ва тарҷумаи ин асар ба забонҳои гуногуни ҷаҳон изҳори назар карда шуд.
Ҳадафи асосии баргузории маҳфил тарғибу ташвиқи ҷавонон ба ҳифзу арҷгузорӣ ба мероси бузурги ниёгон, эҳёи суннатҳои некӯи гузаштагон, омода сохтани донишҷӯён ба озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ», таҳлилу баррасии достонҳои «Шоҳнома»-и Ҳаким Фирдавсӣ мебошад.
Маҳфил бо муҳокимаи мазмуну муҳтавои достонҳои маъруфи «Шоҳнома» ва саволу ҷавобҳои донишҷӯён анҷом ёфт.
Маркази иттилоот ва таҳлил