БАРГУЗОРИИ КОНФЕРЕНСИЯИ XI БАЙНАЛМИЛАЛИИ «ХУСУСИЯТҲОИ ЭКОЛОГИИ ГУНОГУНИИ ЭКОЛОГӢ» ДАР ДОНИШГОҲ
Дар толори раёсати Донишгоҳ бо ташаббуси Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва дар ҳамкорӣ бо Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров» конференсияи XI байналмилалии «Хусусиятҳои экологии гуногунии экологӣ» бо иштироки васеи олимону муҳаққиқони ватаниву хориҷӣ баргузор гардид.
Дар кори конференсия беш аз 60 нафар мутахассисон аз муассисаҳои илмиву тадқиқотӣ ва таълимии кишвар, олимони шинохта аз Федератсияи Русия, Ҷумҳуриҳои Халқии Чин, Ӯзбекистон, Қазоқистон ва дигар кишварҳо иштирок варзиданд.

Нахуст, муовини Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Раиси шуъбаи илмҳои биологии АМИТ, доктори илмҳои биологӣ, профессор Мирзораҳимзода Акобир Карим ба кори конференсия ҳусни оғоз бахшида, доир ба масъалаҳои мубрами гуногунии биологии олами наботот ва ҳайвонот, ҳолати кунунии гуногунии биологии зироатҳои кишоварзӣ, ҳифзи генофонди намудҳои нодир ва дар зери таҳдиди маҳвшавӣ қарордоштаи набототу ҳайвонот, инчунин масъалаҳои бехатарии биологӣ ва амнияти озуқаворӣ ибрози андеша кард.
Баъдан, муовини Раиси вилояти Суғд Ҷӯразода Ҷамшед Ҳабибулло ба сухан баромада, аз аҳаммияти баргузории чунин конференсия дар сатҳи байналмилалӣ ёдовар шуд. Гуфта шуд, ки Ҳукумати кишвар дар ин самт Барномаҳои мушаххасеро амалӣ намуда, ба масъалаҳои хусусиятҳои экологии гуногунии биологӣ ва ҳифзу самаранок истифодабари захираҳои табиии олами набототу ҳайвонот таваҷуҳи махсусе зоҳир менамояд.
Дар идома ректори Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров» Набизода Мирзотоҳир Сайфиддин меҳмононро ба ин боргоҳи илму маърифат хушомадед гуфта, дар суханронии хеш иброз дошт, ки бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои 2020-2040 «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» эълон гардид ва баргузории конференсияи имрӯза низ ба табиқи амалии ин иқдоми Сарвари давлат нигаронида шудааст. Таъкид гардид, ки бори аввал - соли 1998 Донишгоҳ ба маркази таҳлилу баррасии масъалаҳои муҳимми гуногунии биологӣ ва мушкилоти нигоҳдории он табдил ёфта буд ва аз он вақт инҷониб ин анъанаи нек дар тамоми манотиқи гуногуни кишвари азизамон бо мақсади ҷалби мутахассисони ҷавон ба корҳои илмию тадқиқотӣ, вусъат бахшидан ба пажуҳишҳои илмии амалишаванда ва мубодилаи таҷриба, муайян намудани роҳҳои муштараки тадқиқоти илмии минбаъда аҳаммияти тоза касб мекунад.
Дар охир олимону муҳаққиқони соҳа М.М.Яқубова дар мавзуи «Особенности биохимических процессов метаболизма под воздействием факторов окружающей среды», Е.Ю. Ембатурова дар мавзуи «Фитотоксичность сорных растений. Сорные растения, представляющие опасность для конного туризма», А.Г.Абдулназаров дар мавзуи «Изменение качественной и количественной характеристики фауны позвоночных животных Памира за последние десятилетия», Қ.Партоев дар мавзуи «О некоторых селекционных достижениях учёных ИБФГР НАН Таджикистана», Г.Н.Каримов дар мавзуи «Современное состояние и перспективы развития рыбоводства в Таджикистане», Д.Наврузшоев дар мавзуи «Эндемичные и субэндемичные виды растений Западного Памира», М.Т.Бобоев «Итоги интродукции редких и исчезающих видов растений в Кулябском ботаническом саду им. Тилло Бобоева» маърузаҳои илмии пурмуҳтаво намуданд.
Бояд зикр намуд, ки дар даромадгоҳи бинои Раёсат намоиши китобӣ, навъҳои гуногуни гербарияҳо, дастовардҳои олимони соҳаи биологияи Донишгоҳ, заррабинҳо ва дигар дастгоҳҳои инноватсионии соҳавӣ ба намоиш гузошта шуд.
Конференсияи байналмилалӣ бо муҳокима ва мубодилаи таҷрибаи илмии мутахассисон анҷом пазируфт.
Маркази иттилоот ва таҳлил