БАРГУЗОРИИ ХОНИШҲОИ СИЁСӢ БАХШИДА РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ МУБОРИЗА БАР ЗИДДИ ВНМО
Дар асоси нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Барномаи миллӣ оид ба муқовимат ба эпидемияи вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуният (ВНМО) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021–2025» ва бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии мубориза бар зидди ВНМО дар факултету кафедраҳои умумидонишгоҳии Донишгоҳ бо иштироки наздик 1000 нафар донишҷӯ хонишҳои сиёсӣ баргузор гардид.
Дар ҷараёни хониши сиёсӣ устодони Донишгоҳ дар мавзуъҳои «Пешгирии бемории СПИД» ва «Сабабҳои гирифторшавӣ ба ВНМО» баромад намуда, таъкид доштанд, ки донистани роҳҳои сироятии вирус, риояи меъёрҳои тарзи ҳаёти солим ва огоҳии ҷомеа яке аз омилҳои муҳимми пешгирии паҳншавии ин беморӣ ба ҳисоб меравад.
Гуфта шуд, ки ҳадафи баргузории чорабиниҳо баланд бардоштани маърифати тиббӣ ва ҳушёрии ҷавонон оид ба пешгирии бемориҳои сироятӣ, хусусан ВНМО мебошад.
Маркази иттилоот ва таҳлил