БАРГУЗОРИИ ДАВРИ АВВАЛИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «ДОНАНДАИ БЕҲТАРИНИ АСАРҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ»
Дар китобхонаи илмии Донишгоҳ санаи 6 май даври аввали озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» баргузор гардид. Дар озмуни мазкур донишҷӯёни 18 факултет фаъолона иштирок намуда, сатҳи дониш ва ҷаҳонбинии худро аз рӯи асарҳои Пешвои миллат нишон доданд.
Озмун мутобиқи Низомнома аз рӯйи омӯзиш ва мутолиаи асарҳои арзишманди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардид. Аз ҷумла, иштирокчиён аз рӯйи асарҳои «Чеҳраҳои мондагор», «Забони миллат – ҳастии миллат», «Уфуқҳои Истиқлол», «Тоҷикон дар оинаи таърих», «Аз Ориён то Сомониён», «Нигоҳе ба таърих ва тамаддуни ориёӣ», «Бист қадами созанда», «Имоми Аъзам: рӯзгор, осор ва афкор» ва «Мавлоно ва тамаддуни инсонӣ» донишу маҳорати худро санҷиданд.
Ҳадафи асосии баргузории озмун баланд бардоштани неруи зеҳнӣ, таҳкими шавқу рағбат ба китобхонӣ, дарёфти беҳтарин донандагони осори Пешвои миллат ва тарғибу ташвиқи сиёсати созандаи давлату ҳукумат арзёбӣ мегардад.
Дар ҷамъбасти даври аввали озмун ҷойи аввал насиби Бобоҷонзода Расул донишҷӯи курси 4-уми факултети таърих ва ҳуқуқ гардид. Ҷойи дуюмро Аҳророва Орзугул, донишҷӯи курси 2-юми ҳамин факултет соҳиб шуд. Ҷойи сеюмро бошад, Ағолуқов Илҳом, донишҷӯи курси 1-уми факултети математика ба даст овард. Ғолибони озмун ба даври ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифтанд, ки моҳи октябри соли 2026 дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад.
Баргузории чунин озмунҳо дар фазои илмӣ ва фарҳангии кишвар барои густариши маърифати сиёсӣ, худшиносии миллӣ ва арҷгузорӣ ба китобу мутолиа заминаи мусоид фароҳам меорад.
Маркази иттилоот ва студияи “Фурӯғ”