Баҳогузории муосир дар таълими таърих ва ҳуқуқ

Дар назди кафедраи методикаи таълими таълими таърих ва ҳуқуқ маҳфили илмии донишҷӯён “Мактабшиносӣ” бо роҳбарии дотсент Ш. Ҳошимова бо иштироки омӯзгорони кафедра моҳе як маротиба ташкил ва баргузор мегардад.

Дирӯз маҳфили навбатии “Мактабшиносӣ” баргузор гардид. Мудири кафедра дотсент Маҳмудов О. ба кори маҳфил ҳусни ифтитоҳ бахшида, ташкилу баргузори онро дар баланд бардоштани ҷаҳонбинии илмии донишҷӯён муфид арзёбӣ кард.

Сипас, донишҷӯён Зайнидинова Р. дар мавзӯи “Нақши муносибати салоҳиятнокӣ дар ташаккули мустақилияти хонандагон”, Ҷасур Шодизода дар мавзӯи “Баҳогузории муосир дар таълими таърих ва ҳуқуқ” маърӯза намуданд. Пас аз баромадҳо устодони кафедра перомуни мазмун ва моҳияти маърӯзаҳо, маҳорат ва малакаинутқи донишҷӯён фикру мулоҳизаҳояшонро баён намуданд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ