Баланд бардоштани маърифатнокии донишҷӯдухтарон
Дар маҷлисгоҳи факултети таърих ва ҳуқуқ, вохӯрии духтарон бо муаллимони собиқадор ва раиси Шӯрои бонувони факултет баргузор гардид. Дар вохӯрӣ зикр гардид, ки аз оғози таърих то имрӯз мардуми шарқ ба маърифатнокии зан аҳамияти хосса дода, кӯшиш намудаанд, ки занон дар ҷомеа пешоҳанг бошанд. Дар зиндагӣ пешоҳанг будани зан ва маърифатнок буданаш имкон медиҳад, ки сатҳи маънавии оила баланд шуда, кӯдакон ва дигар аъзои оила маърифатнок тарбият ёбанд.
Аснои вохӯрӣ тарзи либоспӯшӣ, ороиши мӯй, интизоми шарқиёна, тозагӣ дар синфхонаву хобгоҳҳо, иштироки фаъолонаи духтарон дар варзиш ва чорабиниҳои фарҳангию сиёсӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.


Маркази иттилоот ва таҳлил