БАЛАНД БАРДОШТАНИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ ВА ШАҲРВАНДИИ ҶОМЕА

Дар толори калони раёсати Донишгоҳ бо иштироки намояндагони Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон - мудири шуъбаи масоили назариявии давлат ва ҳуқуқи муосири Институти давлат ва ҳуқуқ, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ Бобоҷонзода Исрофил Ҳусейн ва сарходими ҳамин шуъба Қодирзода Тоҳир Қамар мулоқоти илмӣ-маърифатӣ баргузор гардид.

Мулоқоти мазкур дар асоси мактуби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон роҳандозӣ гардида, ҳадафи он баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва шаҳрвандии ҷомеа, инчунин тавзеҳу тарғиби санадҳои муҳими меъёрии ҳуқуқӣ маҳсуб меёбад.

Дар оғози чорабинӣ мудири шуъбаи тарбияи раёсати Донишгоҳ Ҷалолзода Хайёмиддин меҳмононро аз номи ректори Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров» Набизода Мирзотоҳир Сайфиддин хайрамақдам гуфта, таъкид намуд, ки баргузории чунин мулоқотҳо барои таҳкими маърифати ҳуқуқӣ, худогоҳии миллӣ ва масъулияти шаҳрвандии ҷавонон аҳамияти хос дорад.

Зимни суханронии худ Бобоҷонзода Исрофил Ҳусейн аҳамияти Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамчун санади асосии давлатдорӣ ва кафили ҳуқуқу озодиҳои инсону шаҳрванд махсус таъкид намуд. Ҳамзамон, муҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун роҳнамои рушди сиёсиву иҷтимоии кишвар мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифт.

Дар идомаи мулоқот Қодирзода Тоҳир Қамар ба шарҳу тавзеҳи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак» ва «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо» пардохта, нақши онҳоро дар тарбияи насли солим, таҳкими масъулияти падару модар ва пешгирии исрофкорӣ муҳим арзёбӣ намуд.

Ҳамчунин, дар ҷараёни мулоқот масъалаи муқовимат ба экстремизм ва терроризм мавриди баррасӣ қарор гирифта, таъкид гардид, ки баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ, зиракии сиёсӣ ва худогоҳии шаҳрвандон метавонад омили муассири пешгирии чунин зуҳуроти номатлуб гардад.

Дар фарҷом мулоқот дар фазои саволу ҷавоб идома ёфта, иштирокчиён ба масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳ посухҳои мушаххас гирифтанд. Чорабинӣ ҳамчун иқдоми муҳим дар самти ташаккули ҷаҳонбинии ҳуқуқӣ ва шаҳрвандии ҷавонон арзёбӣ гардид.

Маркази иттилоот ва студияи “Фурӯғ”

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ