БА ИМЗО РАСИДАНИ СОЗИШНОМАҲОИ ҲАМКОРӢ БО ДОНИШГОҲҲОИ ҶУМҲУРӢ
8 майи соли 2026 дар доираи ҷаласаи Шурои ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров баргузор гардид, ду созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд.
Созишномаҳо байни ректори Донишгоҳ Набизода Мирзотоҳир Сайфиддин ва ректори Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав” Қурбонзода Маҳмадалӣ Раҳмат, ҳамчунин ректори Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ” Сафарзода Мунир Ватан ба тасвиб расиданд.
Зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои таҳкими ҳамкориҳои илмиву таълимӣ, табодули таҷрибаи академӣ, татбиқи барномаҳои муштараки таълимӣ, густариши фаъолияти илмӣ-тадқиқотӣ ва таҳкими робитаҳои байнидонишгоҳиро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Таъкид гардид, ки ба имзо расидани ин санадҳо дар заминаи татбиқи сиёсати маорифпарварона ва маърифатпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ гардида, барои таҳкими ҳамкориҳои мутақобилан судманд, баланд бардоштани сатҳи таълиму таҳқиқот, омода намудани мутахассисони рақобатпазир ва татбиқи ташаббусҳои муштараки илмӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.
Ҳамзамон, ҷонибҳо изҳори итминон намуданд, ки густариши ҳамкориҳои байни муассисаҳои таҳсилоти олӣ дар рушди фазои ягонаи илмӣ ва таълимии кишвар нақши муассир хоҳад гузошт.
Маркази иттилоот ва студияи “Фурӯғ”