Аз ҷамъомади тарбиявӣ то маҷлиси падару модарон

Бо ибтикори факултети санъати тасвирӣ ва технология ҷиҳати татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» маҷлиси падару модарон, ба муносибати Рӯзи модарон озмуни “Канӣ духтарон” ва дар мавзӯи “Дар ҷавонӣ дор пиронро азиз” дар хобгоҳи №2 чорабинӣ доир гардид.

Дар чорабиниҳои мазкур декани факултет ва масъулини кафедаҳо иштирок намуда, дар он донишҷӯён фаъолона ширкат намуданд.

Ҳадаф аз ин ташаббусҳо таҳкими ватандӯстии ҷавонон ва баланд бардоштани савияи маърифат ва ҷаҳонбинии донишҷӯён унвон мешавад.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ