Ҷавонон ва пешгирии падидаҳои манфии ҷомеа
Бо мақсади тарғиби ҳифзи арзишҳои миллӣ, дастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ, баланд бардоштани сатҳи донишҳои сиёсию ҳуқуқӣ, шиносоӣ бо санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи маориф ва илм, пешгирии падидаҳои манфӣ дар байни ҷавонон дар факултети факултети снаъати тасвирӣ ва технология бо иштироки кормандони РВКД дар вилояти Суғд Маҳмудҷон Толибзода, Бахтиёр Ибодуллозода ва Хайёмиддин Исмоилов – сардори шуъбаи кор бо ҷавонони вохӯрии судманд бо донишҷӯён баргузор гардид.
Вохӯриро Хайёмиддин Исмоилов ифтитоҳ намуда, қайд кард ки терроризм ва ифротгароӣ яке аз зуҳуроти номатлуб дар замони имрӯза ба шумор рафта, он боиси ба миён омадани оқибатҳои нохуш ва таҳдиду зӯроварӣ дар ҷомеа гардидааст.
Сипас, Маҳмудҷон Толибзода - намояндаи РВКД дар вилояти Суғд падидаҳои номатлуби замони муосир, терроризму ифратгароиро мавриди баррасӣ қарор дод. Зикр шуд, ки айнӣ замон марбут ба амалҳои террористӣ вазъи сиёсӣ дар ҷаҳон нигаронкунанда боқӣ мемонад. Сарфи назар аз тадбирҳои солҳои охир андешидашуда дар бахши мубориза бо терроризм, таҳдиди амалҳои нави террористӣ аз байн нарафтааст, балки афзоиш ёфтааст.
Аз ҷавонон хоҳиш ба амал оварда шуд, ки дар ҳама ҳолат зираку ҳушёр бошанд, ва фирефтаи ақидаҳои ифртиву иртиҷоӣ нагарданд.
Гуфта шуд, ки ҷавонон бояд зиракии сиёсиро аз даст надода, ҳамарӯза бо баробари омӯхтани донишҳои замони муосир баҳри баланд бардоштани савияи дониши сиёсиву ҳуқуқии хеш тадбирҳои зарурӣ андешида, бо ин роҳ баҳри пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳар гуна гуруҳҳои номатлуб саҳми арзандаи худро гузошта бошанд.
Дар интиҳо миёни иштирокчиён мубодилаи афкори судманд ҷараён гирифт.
Маркази иттилоот ва таҳлил