Ҷавонон ва ҳифзи арзишҳои миллӣ
Ин унвони мулоқоти навбатӣ буд, ки бо ташаббуси шуъбаи тарбияи раёсати донишгоҳ бо донишҷӯёни факултети таҳсилоти ибтидоӣ ва педагогикаи махсус сурат гирифт.
Декани факултет Усмонзода Даврон мулоқотро ифтитоҳ намуда, ҳадафи ин ташаббусро таҳкими худшиносӣ ва тарғиби арзишҳои миллӣ миёни ҷавонон унвон намуд.
Хайёмиддин Исмоилов, мудири шуъбаи тарбия оид ба нақши ҷавонон дар ҳифзи арзишҳои миллӣ изҳори назар намуда, таъкид дошт, ки ҳифзи арзишҳои миллӣ яке аз самтҳои муҳимми сиёсати давлатӣ ба ҳисоб рафта, дар шароити ҷаҳонишавӣ, ки таҳдидҳо ба худшиносӣ ва фарҳанги миллӣ зиёд мешаванд, нақши ҷавонон дар нигоҳдорӣ ва пешбурди арзишҳои миллӣ хеле муҳим аст.
Таъкид рафт, ки Асосгузори сулҳи ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста таъкид намудаанд, ки ҷавонон қувваи пешбарандаи ҷомеа ва ояндаи миллат мебошанд. Ҷавонон бояд бо эҳтиром ба таъриху фарҳанг ва мероси миллӣ муносибат намуда, ин арзишҳоро ба наслҳои оянда интиқол диҳанд.
“Ҷавонон бояд дар нигоҳдории арзишҳои миллӣ, ки асоси ҳастии миллат аст, нақши фаъол дошта бошанд. Ин танҳо роҳи устувори рушди давлатдорӣ ва ҳамзистии осоишта дар ҷомеа мебошад. Ҳар як ҷавон метавонад бо меҳнати созанда ва муносибати хеш дар ҳифзи арзишҳои миллӣ саҳми назаррас гузорад” – афзуд Хайёмиддин Исмоилов.
Мулоқот бо табодули афкор ва суолу ҷавоб ҳусни анҷом пазируфт.
Маркази иттилоот ва таҳлил