​Ҷавонон-ояндаи миллат

Дар факултети математика перомуни мавзӯи “Ҷавонон-ояндаи миллат” мизи мудаввар доир гардид. Ин ташаббус аз ҷониби сармуаллими кафедраи сиёсатшиносӣ Ӯлмасова Мавзуна ба роҳ монда шуд.

Таъкид гардид, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавонон ҳамчун иқтидори пешрафти давлат муносибат намуда, ҷиҳати татбиқи самараноки сиёсати давлатии ҷавонон аз тамоми имкониятҳо истифода мебарад.

Гуфта шуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷавононро такягоҳи боэътимод номида, аз намояндагони ин қишр ҳамчун нерӯи пешбар тавсиф мекунанд.

Ҳамзамон, миёни донишҷӯён оид ба нақши ҷавонон дар рушди ҷомеаи муосир табодули афкор сурат гирифт.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ