​Ҷавонон – нерӯи пешбар

Бо ташаббуси шуъбаи кор бо ҷавонони донишгоҳ дар факултети санъати тасвирӣ ва технология ҷиҳати баланд бардоштани ҳисси ватандӯстиву хештаншиносии донишҷӯён ва ҷалби бештари ҷавонон ба озмуну олимпиадаҳо мулоқот доир гардид. Ин иқдомро ҷавонони фаъол - ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ ва гирандагони стипендияи президентӣ бо усули «Ҳамсол ба ҳамсол» ба роҳ монданд.

Дар доираи мулоқот доир ба татбиқи босамари сиёсати давлатии ҷавонон дар донишгоҳ андешаҳо ироа шуда, шартҳои муҳими муваффақияти ҷавонон мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Ҳамзамон, аз ҷониби донишҷӯёни фаъол дар мавзуъҳои «Китоб – сарчашмаи маърифат», «Фарҳанги истифодабарии шабакаҳои интернетӣ»,«Идораи дурусти вақт – омили пешрафт» ва «Нақши забонҳои хориҷӣ дар рушди мамлакат» маърӯзаҳо шунида шуд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ