​Ҷавонон – нерӯи муқовимати вабои аср

Бо ташаббуси устодони кафедраи экология ва ҳифзи табиат бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии мубориза бо вируси норасоии масъунияти одам (ВНМО) мулоқот доир гардид. Дар мулоқоти мазкур сармутахассиси Маркази пешгирии ВНМО дар шаҳри Хуҷанд Абуллов М., мутахассиси шуъбаи кор бо занон ва оила дар назди МИҲД – и шаҳри Хуҷанд Пӯлотова Нигора, мутахассиси Маркази тарзи ҳаёти солим дар шаҳри Хуҷанд Ҷӯраев Абдулҳамид, табиби Маркази эпидемологии пешгирӣ ва мубориза бо ВНМО дар вилояти Суғд Наврӯзов Абдуҷаббор иштирок намуданд.

Мулоқоти мазкур дар мавзуи “Ҷавонон – нерӯи муқовимати вабои аср” бо иштироки васеи донишҷӯёни ихтисосҳои “Экологияи умумӣ”, “Экологияи кишоварзӣ”, “Мониторинги экологӣ. Менеҷмет ва аудит” баргузор шуд.

Дар доираи ин ташаббус масъулин дар мавзуъҳои “Тарзи ҳаёти солим - омили муқовимат бар зидди ВНМО”, “Манбаҳои сироятёбӣ ба ВНМО” ва “Заминаҳои санитарӣ – гигиении пешгирии сироятёбӣ ба ВНМО” маърӯза намуданд.

Таъкид гардид, ки тибқи маълумоти СММ ҳар рӯз дар ҷаҳон 16 ҳазор нафар аз вируси норасоии масъунияти бадан сироят меёбанд, ки аз он тақрибан 50 фоизро ҷавонони аз 14 то 20-сола ташкил медиҳанд. Аз рӯзи пайдо шудани ин беморӣ дар ҷаҳон тақрибан 60 миллион нафар одамон ба он сироят ёфта, 20 миллион нафар ба ҳалокат расидаанд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ